LIVE

Рэшфорд дастоварди Руниро дар Премйер-лига такрор кард

Ҳамлагари «Манчестер Юнайтед» Маркус Рэшфорд ба дастоварди Уэйн Руни дар АПЛ баробар шуд.  Тибқи гузоришҳо, Рашфорд аввалин бозигари "Манчестер Юнайтед" аз соли 2012 аст, ки дар шаш бозии пайдарпай дар Олд Траффорд дар Лигаи Премйерӣ гол мезанад. Уэйн Руни ин корро соли 2012 карда буд.

Дар бозии мавқуфмондаи даври 8-уми Премйер-Лигаи Англия «Манчестер Юнайтед» бо «Лидс Юнайтед» мусовӣ (2:2) анҷом дод. Рэшфорд як гол зад. Рашфорд дар ин мавсим 22 бозӣ анҷом дода, ба задани 11 гол ва 3 партофти головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив