LIVE

«Челси» барои беҳтарин бозингари Ҷоми Ҷаҳон 127 млн евро медиҳад

Ниммуҳофизатгари «Бенфика» ва мунтахаби Аргентина Энтсо Фернандес имкони ҳунарнамоӣ дар Премйер-лигаро дорад. Ба ҳунари қаҳрамони 21 солаи ҷаҳон дастаи «Челси» таваҷҷуҳ дорад. 
Ба иттилои манбаъ, музокироти лондониҳо ва тими “Бенфика” дар мавриди Фернандес дар марҳилаи охирин қарор дорад. "Челси" барои ин ситораи ҷавони аргентинӣ 127 миллион евро пардохт мекунад. 
Ёдовар мешавем, ки Фернандес беҳтарин бозигари ҷавони Ҷоми ҷаҳон - 2022 дар Қатар эътироф шуда буд. Дар ҳафт бозии ин мусобиқот Энтсо бо пероҳани мунтахаби кишвараш як гол зада, як ассист кардааст. Ба ин футболбоз ҳамзамон тимҳои "Реал" ва "Ливерпул" низ таваҷҷуҳ доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив