LIVE

Шикасти "Челси" аз дастаи собиқи сармураббии худ

«Брайтон» дар бозии даври 14-уми Премйер-лигаи Англия дар майдони худ аз «Челси» пурзуртар баромад.  Вохӯрӣ бо ҳисоби 4:1 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Леандро Троссард (дар дақиқаи 5) ва Паскал Гросс (90+2) аз ҳайати соҳибони майдон голзанӣ намуданд.Илова бар ин, бозигарони "Челси" Рубен Лофтус-Чик (14-ум) ва Трево Чалоба (42-юм) ба дарвозаи дастаи худ гол заданд.
Ягона голи лондониҳоро Кай Ҳавертс зад.
 Ба ин тартиб, дастаи Роберто Де Зерби бо 18 имтиёз ба зинаи ҳафтуми ҷадвали Лигаи Премйер баромад.  Грэм Поттер нахустин вохӯрии худро бар зидди тими собиқи худ баргузор кард.
 Дар даври навбатӣ «Челси» бо «Арсенал» рӯзи 6 ноябр бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив