LIVE

Роналду гаронарзиштарин хонаро дар Португалия харид

Ҳамлагари дастаи «Манчестер Юнайтед» Криштиану Роналду дар Португалия ба маблағи 18 миллион евро вилла харидааст, хабар медиҳад The Sun.

Хона дар як минтақаи бонуфуз ҷойгир аст ва дар масофаи то 40 дақиқа аз пойтахти Португалия, Лиссабон ҷойгир аст. Масоҳати  хона 2720 метри мураббаъро ташкил дода, аз  се ошёна иборат аст.  Роналду барои хариди замин ва сохтмони вилла 18 миллион евро сарф кардааст. Ин хариди Криштиану  гаронтарин амволи ғайриманқул дар тамоми Португалия ба ҳисоб меравад. Интизор меравад, ки вилла дар аввали соли 2023  омода шавад.

Хариди чунин манзили гаронбаҳо дар наздикии Лиссабон метавонад ишора кунад, ки Роналду ба гузариши "Спортинг" омодагӣ мебинад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив