LIVE

Бозии «Реал» ва «Барса»-ро кӣ доварӣ мекунад

Доварони бозии дастаҳои футболи “Реал" ва "Барселона"  эълон карда шуд. Хосе Мария Санчес Мартинес доварии Эл-Класико таъин шуд. Алехандро Эрнандес Эрнандес барои VAR кор мекунад. Дастаҳо дар даври 10-уми Ла Лига бо ҳам вомехӯранд. Бозӣ 16-уми октябр дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу” баргузор мешавад.
Аҳамият диҳед, ки Хосе Мария Санчес Мартинес 5 маротиба дар «Эл-Класико» кор кардааст – зимни доварии ӯ се бор «Барса» (3:0, 5:1, 3:0), ду маротибаи дигар «Реал Мадрид» (2:0, 2:1) ғолиб омадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив