LIVE

Месси шартномаашро бо ПСЖ тамдид намекунад

Рӯзноманигор Микел Бласкес дар Твиттери худ хабар дод, ҳамлагари аргентинии ПСЖ Лионел Месси шартномаи худро бо парижиҳо тамдид намекунад.

Қаблан Месси гуфта буд, ки дар Фаронса одат кардааст ва дубора аз футбол лаззат мебарад. Ҳамзамон хабар дода шуд, ки «Барселона» имкони баргардонидани ҳамлагари аргентиниро ба даста баррасӣ мекунад.

Месси аз соли 2021 дар ҳайати парижиҳо бозӣ мекунад. Шартномаи ҳамлагар бо клуб то соли 2023 амал мекунад.

Пас аз ҷамъбасти ҳашт даври чемпионати Фаронса, Месси ба дарвозаи рақибон 4 гол зада, 7 партофти головар кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив