LIVE

ПСЖ ба Месси шартномаи нав пешниҳод мекунад

Ба гуфтаи рӯзноманигор Лоик Танзӣ ПСЖ дар хостори пешниҳоди шартномаи нав ба ҳамлагари аргентинӣ Лионел Месси аст.

Ба гуфтаи Танзӣ, онҳо мехоҳанд ба аргентинӣ барои ду сол шартномаи нав пешниҳод кунанд. Роҳбарияти бошгоҳ аз бозӣ кардани ҳамлагар дар бошгоҳи Париж қаноатманд аст. Музокироти расмии ҷонибҳо ҳанӯз сурат нагирифтааст, аммо онҳо бояд пас аз Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар оғоз шаванд.

Дар мавсими имсола Лионел Месси дар чемпионати Фаронса ҳафт бозӣ анҷом дода, се гол ва ҳафт ассист анҷом додааст.

ПСЖ дар  Лигаи 1-и Фаронса пешсаф аст. Парижиён дар 7 давр 19 имтиёз ба даст овардаанд. Дар даври оянда ПСЖ бо дастаи «Лион» бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив