LIVE

Алишер Ҷалилов аввалин голи худро дар Суперлигаи Ӯзбекистон ба самар расонд

Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Алишер Ҷалилов, ки дар бошгоҳи футболи АГМК бозӣ мекунад, дар рӯзи таваллудаш голи нахустини худро дар Суперлигаи Ӯзбекистон ба ҳадаф расонд. 

Дар бозии даври 17-уми Суперлигаи Ӯзбекистон бошгоҳи Алишер Ҷалилов -  АГМК бар тими «Сурхон», ки дар он бозигари дигари тими миллии мо - ҳимоятгар Зоир Ҷӯрабоев ҳунарнамоӣ мекунад, пирӯз шуд (2:1).

Алишер Ҷалилов дар бозӣ бо «Сурхон» як гол ва як партофти головар анҷом дод. Дар натиҷа нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон, ки 65 дақиқаро дар майдон сипарӣ кард, беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив