LIVE

Футболбози тоҷик аз "Хуҷанд" ба Ҳиндустон меравад

Далер Ёдгоров тарки дастаи “Хуҷанд” намуда, фаъолияти худро дар чемпионати Ҳиндустон идома медиҳад. Ӯ аз ин кишвар пешниҳод дорад ва ҳоло маълум нест, ки ӯ ба кадом даста меравад. Дар оғози сол бошгоҳи “Неман”-и Беларус  Далер Едгоровро аз Тоҷикистон барои тамошо даъват карда буд. Далер Едгоров бо ҳайати асосии бошгоҳ тамринҳо гузаронидааст, аммо бозигар бо сабабҳои шахсӣ натавонист дар “Неман” бимонад.  Ба “Хучанд” баргашт. Далер Едгоров дар дастаҳои мунтахаби ҷавонони синну соли гуногун: U-18, U-19, U-23 бозӣ карда, дар мавсими гузашта якҷо бо тими “Хуҷанд” медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистонро ба даст овардааст. Дар маҷмӯъ, Далер дар чемпионати Тоҷикистон дар мавсими гузашта 28 бозӣ анҷом дода, 8 гол ва 9 партофти головар кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив