LIVE

Имшаб КМВА бозии охирашро дар Ҷоми АФК-2022 доир мекунад

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе имрӯз, 30-юми июн, бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «Е» баргузор мешаванд.

Барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бо барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта тими «Нефтчӣ» вомехӯрад. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 22:00 оғоз мешавад.

Тамоми мухлисони футболро барои дастгирии КМВА ба Варзишгоҳи марказӣ даъват менамоем! Ба артишиҳо муваффақият таманно дорем!

🔥 Ҷоми КФО-2022
⚽️ Гурӯҳи «Е». Даври 3
📆 30 июн (панҷшанбе)
⏰ Оғоз – соати 22:00 ба вақти Душанбе
🇹🇯 КМВА (ТОҶИКИСТОН) – 🇰🇬 «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив