Дар даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «Е» барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе, ки тақрибан тамоми қисми дуюми вохӯриро даҳ нафара бозӣ кард, аз ноибқаҳрамони Ӯзбекистон дастаи «Суғдиёна» бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.
Аз ҳайати дастаи шаҳри Душанбе Элчибек Рашидбеков ва Хуршед-Тимур Ҷӯраев гол заданд. Шоҳрӯз Норхонов аз ҳайати «Суғдиёна» ба номаш дубл сабт кард. Як голи дигарро Ҷасур Ҳасанови 38-сола ба самар расонд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Е» қаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир» бар барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта «Нефтчӣ»-и бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард. Муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар Мурат Аннаев гардид, зарбаи ҷаримавии 11 метраро вориди дарвоза намуд. Ҳамин тариқ, пас аз ду даври бозӣ «Суғдиёна» шаш имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. «Алтин Асир» 4 хол ва КМВА як хол дорад.
Тақдири ҷойи аввали гурӯҳ 30-юми июн дар рақобати дастаҳои «Суғдиёна» ва «Алтин Асир» муайян мегардад. Барои баромадан ба даври навбатии мусобиқот бошгоҳи Ӯзбекистонро ҳисоби мусовӣ қаноат мекунад, дар ҳоле ки «Алтин Асир»-ро барои идомаи мубориза дар Ҷоми КФО танҳо пирӯзӣ лозим аст. Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 КМВА-и Душанбе рӯзи 30-юми июн бо тими “Нефтчӣ” бозӣ мекунад. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 22:00 оғоз мегардад.
