LIVE

Эриксен: “Ман 5 дақиқа аз ин дунё рафтам...”

Нимҳимоятгари “Брентфорд” Кристиан Эриксен дар мавриди бозисти дилаш сухан гуфт.
«Ман панҷ дақиқа ин дунёро тарк кардам ва баъд дилам дубора ба кор даромад. Ман ҳама чизро дар ёд дорам, ба ҷуз он панҷ дақиқа – партофти тӯб ба зонуям бархӯрд... Ва баъдан дар ёд надорам, ки чӣ ҳодиса рӯй дод. Баъд аз хоб бедор шудам, одамон дар атрофам истода буданд ва дар синаам фишорро ҳис кардам. Кӯшиш кардам, ки нафас бикашам. Вақте ки ман чашмонамро кушодам, аслан нафаҳмидам, ки чӣ рӯй дода истодааст. Дар он лаҳза ман намедонистам, ки бо ман чӣ шудааст. Аввалин фикрҳои зудгузар дар сарам инҳо буданд: «Оё ба пойҳоям чизе шуд? Оё ман тахтапуштамро шикастам? Оё ман пои худро бардошта метавонам? Ман кӯшиш кардам, ки микроҳаракатҳоро иҷро кунам, то бифаҳмам, ки бо ман чӣ рӯй дод.
Дар мошини ёрии таъҷилӣ шунидам, ки касе пурсид: «Чанд дақиқа аст аз ҳуш рафтааст?» ва касе ҷавоб дод, ки «панҷ дақиқа». Бори аввал шунидам, ки дар ин дунё нестам. Оё он муъҷиза аст? Бешубҳа», - аз суханони Эриксен "Би-би-си" иқтибос меорад.
Эриксен бо «Брентфорд»  то охири мавсими ҷорӣ бо имкони тамдиди як соли дигар шартнома баст. Қаблан маълум шуд, ки Эриксен аз ҳама санҷишҳои тиббӣ бомуваффақият гузаштааст. Ёдовар мешавем, ки "Интер” тасмим гирифт, ки қарордодро бо футболбозе, ки дар дили он “кардиовертер-дефибриллятор” насб кардааст, пас аз афтидани Эриксен дар охири нимаи аввали бозии Евро-2020 - Дания - Финляндия (0:1) рӯзи 12 июн қатъ кунад. Ба варзишгар дар тӯли 15 дақиқа дар майдон ёрии аввалия расонида шуд, сипас ӯро ба бемористон бурданд. Баъдтар маълум шуд, ки футболбоз ба сактаи қалб гирифтор шудааст. “Серия А”-и Италия бозигароне, ки дар қалбашон кардиостимулятор насб шудааст иҷозати бозӣ карданро намедиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив