LIVE

Эдуард Менди аз бекорӣ то беҳтарин дарвозабони ҷаҳон

Менди фаъолияти худро дар «Гавре» оғоз кард, аммо истеъдодаш эътироф нашуд ва дар синни 19-солагӣ дар дивизиони 4-уми Фаронса монд. Дар 23-солагӣ Эдуард агенти озод шуд. Ҳаёти ӯ ба сӯи нобарориҳо мерафт. Барои пардохти манзили иҷора пул пайдо накард ва Эдуард маҷбур шуд, ки бо дӯстдухтари ҳомилааш ба хонаи волидонаш баргардад. Менди дар ҷустуҷӯи клуби нав буд, ба санҷишҳо рафт, аммо ба ҳеҷ кас лозим набуд. Ҳатто агенташ аз вай руй гардонд.
Эдуард барои гирифтани ёрдампулии бекорй ба биржаи мехнат дохил шуд. Вай дар чустучуи кор буд ва дар баробари ин бо рафиқон машк мекард. Вакте ки Менди аллакай ба яке аз магозаҳо ба кор рафтан розигй дода буд, муъчизае руй дод. Шарики собиқаш дар дастаи «Шербур» ба Эдуард мураббии дарвозабони “Марсел” маслиҳат дод ва ӯ розӣ шуд. Менди зуд пеш рафт, худро дар тамрин хуб нишон дод ва дар дастаи дуюми клуб ҷой гирифт ва сипас аз Лигаи 2 ба “Реймс” гузашт.
Дар мавсими аввал Реймс ғолиби дивизиони дуюм шуд ва Эдуард ҷоизаи беҳтарин бозигари мавсимро гирифт. Сипас, ба “Ренн” гузашт, ҷой сеюмро дар Лигаи якум ба даст овард ва ба Лигаи Чемпионҳо баромад. Дар ҳунари ин дарвозабон ситораи футболи Англия Петр Чех гаҳваракеро дид ва Эдуардро ба дастаи “Челси” даъват намуд. Эдуард пас аз гузаштан ба бошгоҳ дарҳол Кепаи гаронарзишро ба курсии захиравӣ гузошт ва дарвозабони асосӣ шуд. Роҳи муваффакиятхои калон огоз ёфт.
Моҳи майи соли гузашта Менди ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо шуд, аз рӯи ФИФА ва УЕФА дарвозабони сол шуд ва дирӯз бо тими миллии Сенегал Ҷоми миллатҳои Африқоро ба даст оварда, беҳтарин дарвозабони ин мусобиқа гардид.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив