LIVE

Бенжамен Менди ба зиндони низомаш сахт интиқол ёфт

Ҳимоятгари бошгоҳи “Манчестер Сити” ва тими миллии Фаронса Бенжамен Менди, ки дар ҳафт мавриди таҷовуз ба номус муттаҳам мешавад, ба як маҳбаси  сахт дар Манчестер интиқол ёфт. Ӯ қаблан дар зиндони дараҷаи В нигаҳдорӣ мешуд ва ҳоло дар зиндони дараҷаи А қарор дорад.
Ба навиштаи The Sun, ин ба хотири амнияти Менди сурат гирифтааст, ки маҳбусон ӯро бештар аз зиндони Ливерпул мешиносанд ва дӯст медоранд.
Мурофиаи судии Менди рӯзи 24 январ баргузор мешавад. Бозигар аз моҳи август инҷониб  боздошт шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив