LIVE

УЕФА аз Анчелотти дархост дорад, то курси мураббигиро хатм кунад

УЕФА аз сармураббии “Реал Мадрид” Карло Анчелотти дархост мекунад, ки курсҳои ҳатмии мураббигиро омӯзад.

31 декабри соли 2021 муҳлати иҷозатномаи мураббии итолиёвӣ ба охир расид. УЕФА мутахассиси 62-соларо огоҳ кардааст, ки ӯ бояд барои идомаи мураббигӣ имтиҳон супорад.

Федератсияи футболи Шоҳигарии Испания ба Анчелотти гуфт, ки онҳо бо УЕФА тамос хоҳанд гирифт, то ба вазъ таъсир расонанд.

Анчелотти дар тӯли фаъолияти мураббигии худ 21 ҷоиза ба даст оварда, се бор барандаи Лигаи Чемпионҳо шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив