LIVE

Шевченко сармураббии мунтахаби Полша мешавад

Оё Андрей Шевченко  тими миллии Лаҳистонро раҳбарӣ мекунад?

Мутахассиси украинӣ Андрей Шевченко ба роҳбарии тими миллии Лаҳистон розӣ шуд. Ҷонибҳо аллакай дар бораи шартнома ба мувофиқа расидаанд, ки тибқи он мураббии 45-сола солона 2,5 миллион евро маош мегирад. Як қисми маблағро Иттиҳодияи футболи Лаҳистон пардохт мекунад, боқимондаро сарпарастон медиҳанд.

Шевченко баъд аз рафъи баъзе нозукиҳо дар қатъи шартнома бо "Ҷеноа" расман раҳбарии тими миллии Лаҳистонро бар уҳда мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив