LIVE

10 бозигари "Барса" гирифтори COVID-19 шудааст

«Барселона» ба авҷи шадиди коронавирус дучор шуд.

Сомонаи расмии бошгоҳи "Барселона" хабар медиҳад, ки Филипп Коутинйо, Сержинйо Дест ва Абде Эззалзули гирифтори бемории Ковид-19 шудаанд.

Ҳар се бозигар худро хуб ҳис мекунанд. Онҳо дар хона дар карантин нишастаанд.

Ҳамин тариқ, аллакай 10 бозигари "Барса" ба коронавирус мубтало шудаанд. Қаблан ҳимоятгарон Жорди Алба, Дани Алвес, Клемент Лангле, Самуэл Умтити ва Алекс Балде, инчунин нимҳимоятгарон Усмоне Дембеле ва Гави ҳам ба ин беморӣ сироят ёфта буданд.
"Барселона" бозии навбатии худро 2 январ баргузор мекунад. Рақиби бошгоҳи каталонӣ “Малйорка” хоҳад буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив