LIVE

Боз як футболбоз тарки "Хуҷанд" намуд

Ҳамлагари дастаи “Хуҷанд” Артём Сердюк тарки даста намуд. Артём фаъолияти варзишиашро дар дастаи “Ал-Аҳлӣ”-и Баҳрайн идома хоҳад дод. Қайд бояд кард, ки чанд рӯз қабл бозигари дигари дастаи “Хуҷанд” Нозим Бобоҷонов низ ба ин бошгоҳ гузариш намуда буд. Артём Сердюк дар соли 2021 бо "Хуҷанд" барандаи медалҳои нуқраи чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон гардид. Ҳамчунин Артём имсол дар Лигаи олӣ беҳтарин бозигари хориҷӣ  эътироф шуд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив