LIVE

Ҳамлагари соҳибноми “Челси“ бозигари ”Нюкасл” мешавад

Мувофиқи иттилои Fichajes, соҳибмулкони нави “Нюкасл” мехоҳанд, ки директорони клуб дар бораи харидани як ҳамлагари соҳибмалака қарор қабул кунанд.
Ин моҳ маълум шуд, ки соҳибони “Нюкасл” сарватмандтарин дар ҷаҳон ҳастанд, ки бошгоҳи футбол доранд. Ҳоло “Ньюкасл” метавонад дилхоҳ бозигарро харидорӣ кунад ва ба футболбозони калидии “Челси” таваҷҷӯҳ дорад. 
Вернер, ки аз мавқеъи худ дар дастаи лондонӣ норозист, метаонад ба “Нюкасл” гузариш намояд.  Овозаҳо пайдо шуданд, ки Тимо метавонад тобистони имсол “Стэмфорд Бридж”-ро тарк кунад ва бо дастаи дигари англисӣ қарордод бандад. Ҳамлагари мунтахаби Олмонро “Бавария” низ талабгор аст.  
Ба "Нюкасл" метавонанд як зумра ҳамлагарон аз ҷумла  Пйер-Эмерик Обамеянга, Тимо Вернер ва Раҳим Стерлинг гузариш намоянд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив