LIVE

Ситораи Нидерландия бо футбол хайрухуш кард

Арйен Роббен, собиқ футболбози "Челси", "Реал Мадрид",  "Бавария Мюнхен" ва мунтахаби Ҳолланд  бори дуввум аз анҷоми корномаи варзишиаш иттилоъ дод. 

"
Дӯстони азизи футболиам, ман қарор додам, ки фаъолияти худро ба итмом расонам. Ин интихоби хеле душвор аст. Ман мехоҳам ба ҳама барои меҳр ва дастгирӣ миннатдорӣ баён кунам! Арйени шумо", - навиштааст Роббен дар саҳифаи худ дар Instagram.

Бояд қайд кард, ки Роббен дастпарвари дастаи  "Гронинген" буда, дар ҳамин ҷо  касбии футболбозиашро хотима дод. Роббен бо баромадҳояш дар дастаҳои "Челси", "Реал Мадрид" ва "Бавария Мюнхен" маъруф аст. Дар ҳайати дастаи "Бавария Мюнхен" футболбоз дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб омадааст. Футболбоз яке аз ситораҳои асосии тими миллии Нидерланд буд, ки дар ҳайати он  медалҳои биринҷӣ ва нуқраи чемпионати ҷаҳонро ба даст овардааст. Ёдовар мешавем, ки Роббен аллакай соли 2019 дар бораи истеъфои худ хабар дода буд,  аммо баъдан  тасмим гирифт, ки дар замони мушкилиҳои сахти молӣ ба дастааш "Гронингем" кумак кунад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив