LIVE

"СИПАР" бо се легионер шартнома баст

Клуби футзали "Сипар"-и  Хуҷанд се легионери навро муаррифӣ кард.
        Вахтанг Кекелия футзалбози маъруф дар мамлакати мо мебошад. Бозингари тими миллии Гурҷистон. Вай дар чемпионати Гурҷистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон бозӣ кардааст. Қаҳрамони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон шуд. Кекелия аз клуби футзали "Нурсултон" -и Қазоқистон ба "Сипар" гузашт, ки дар он ҷо бо шумораи зиёди голҳои зебо ном бароварда буд.
Нукри Чумбуридзе - бозигари тими миллии Гурҷистон. Вай дар чемпионатҳои Гурҷистон ва Полша бозӣ кардааст. Чанд мавсими охирин ӯ дар тими "Dragons Red" -и Полша ҳунарнамоӣ намуд. Нукри дар тими миллии Гурҷистон, ки ба чемпионати Аврупо роҳ ёфт, муваффақият ба даст овард.

Иван Бахур - шогирди клуби мини-футболи "Тюмен" -и Русия. Вай дар Суперлигаи Русия дар дастаҳои ба мисли "Тюмен" ва "Сибиряк" бозӣ карда, дар ҳайати дастаи "Сибиряк"  дар Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив