LIVE

Ҳабиб:"Дар Премйер Лигаи Англия мехоҳам бозӣ кунам"

Собиқ қаҳрамони UFC дар вазни  сабук Ҳабиб Нурмагомедов дар як нишасти матбуотӣ дар бораи дурнамои худ дар футбол сухан гуфт.
«Оё ман метавонам дар чемпионати Қазоқистон бозӣ кунам? Не, агар бозӣ  карданӣ бошӣ, дар  Премйер Лига бозӣ кун! Премйер Лигаи Россия не, Англия (механдад). 
Ба наздикӣ 33-сола мешавам. Куҷо мешавам? Бо вуҷуди ин, ман мехоҳам барои худ як таърихи футбол созам. Ман дар ин самт лоиҳаҳо дорам, ба қарибӣ хоҳед фаҳмид. Дар сатҳи касбӣ бозӣ кардану таҷрибаи   бозии ҳаваскорӣ надоштан... Намехоҳам барои касе дарди сар бошам. Ман метавонам дар  дилхоҳ   мусобиқаи хайриявӣ ба майдон бароям. Бо  пиронсолоне, ки аз футбол рафтаанд, розиям бидавам”,- гуфтааст дар суоли хабарнигорон Ҳабиб Нурмогамедов.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив