LIVE

Зинедин Зидан: ""Ливерпул" дастаи бенуқсон аст"

Сармураббии “Реал Мадрид” Зинеддин Зидан дар нишасти матбуотии пеш аз бозии аввали чорякниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бар зидди "Ливерпул" сухан гуфт.
"Ин бозии ниҳоӣ мебошад, ки 180 дақиқа ва бештар аз он идома хоҳад ёфт. Мо медонем, ки чиро интизор шавем. Аммо мо танҳо ба бозии дарпешистода диққат медиҳем, на ба чизи дигаре. Ин муҳимтарин бозии мавсим аст. "Ливерпул" дастаи бенуқсон аст. Вай як ҳамлаи хеле пурқувват дорад, дар маҷмӯъ ӯ рақиби сахт аст. "Ливерпул" футболи хуби гурӯҳӣ нишон дода истодааст. Ҳардуи мо футболбозони  ҷароҳатдошта дорем, аммо ин як ҳодисаи маъмулӣ дар футбол аст", - иқтибос меорад суханони Зиданро сомонаи  расмии УЕФА.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив