LIVE

Филиппе Коутинюро боз ҷарроҳӣ карданд

Нимҳимоятгари “Барселона” - Филиппе Коутинюро бори дигар ҷароҳӣ карданд. Дар ин бора  дафтари матбуотии клуб хабар додааст. Футболбози бразилиро зонуи чапаш мушкилӣ дошт. 
Ёдовар мешавем, ки моҳи январ Коутиню аллакай як бор ҷароҳӣ шуда буд. Муҳлати барқароршавӣ мебоист се моҳро ташкил медод, аммо амалиёти нав ба футболбоз имкон намидҳад, ки дар моҳҳои наздик ба ба майдон баргардад. 
Филиппе аз соли 2018 дар дастаи "Барселона" бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ, нимҳимоятгари 28-сола дар 12 бозии Ла-Лигаи Испания ду гол зада, ду партофт дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив