LIVE

Сарсахттарин ҳарифони Мбаппе ва Холанд кистанд?

Эрлинг Холанн ва Килиан Мбаппе аллакай ворисони Криштиану Роналду ва Лионел Месси ҳисобида мешаванд, зеро онҳо аз ситораҳои пешрафтаи ҷавони Аврупо мебошанд. Аммо бо кадоме аз рақибон бозӣ кардан барояшон душвортар буд? 

Эрлинг Холанн Вирҷил  ван Дейкро душвортарин рақиб ва  Килиан Мбаппе — Ҷанлуиджи Буффонро ҳарифи сарсахт дар тӯли фаъолияти  худ  номид.

Ҷавони 20-солаи норвегӣ иқрор кард, ки мушкилоти бузургтаринаш бо ҳимоятгари Ливерпул Вирҷил ван Дайк рӯ ба рӯ шудааст:

"Вирҷил қудратманд, зуд, он дорои тамоми хислатҳост. Вай як бозигари бебаҳост", — эътироф кард Холанд дар мусоҳиба бо ESPN.

Эрлинг Ҳолланд дар марҳилаи гурӯҳии 2019/20 UCL ба ҳайси бозигари "Залтсбург" бо Ван Дейк рӯ ба рӯ шудааст. Норвегӣ дар Ливерпул дар "Энфилд" гол зад, аммо бо ҳисоби 3-4 шикаст хӯрд.
Мбаппе душвортарин рақибро дар карерааш Ҷанлуиджи Буффонро хонд.

Мбаппе дар даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои соли 2017 дар ҳайати "Монако" бо дастаи афсонавии "Ювентус" бо Ҷанлуиджи Буффон  бозӣ кардааст. Ювентус дар бозии аввал дар Фаронса бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд ва дар ҷавоб монегаскҳоро бо ҳисоби 2: 1 мағлуб кард. Голи ягонаи "Монако"ро Килиан Мбаппе ба самар расонд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив