LIVE

Зидан аз ҷароҳатҳои тез-тези бозигарони “Реал” ба хашм омадааст

Сармураббии “Реал Мадрид” - Зинедин Зидан аз тез-тез ҷароҳат гирифтани бозигарони даста ба хашм омадааст, менависад Mundo Deportivo. Тибқи иттилои манбаъ, агар қаблан мураббии фаронсавӣ дар ин бора изҳори нигаронӣ камтар мекард, ҳоло бошад, хашмгин шудааст. Косаи сабри Зизу аз ин мушкилӣ лабрез шудааст. Ба вижа замоне, ки  Даниэл Карвахал дар бозӣ бо “Валенсия” (2:0) осеб гирифт. Ин ҷароҳат Зинединро маҷбур кард, ки аз масъулони бахши омодагии ҷисмонӣ “фитнес” сабаби асосии ин мушкилотро талаб кунад. Ба ақидаи ӯ чунин ҳолат дар даста ғайри имкон аст. 
Футболбозони бошгоҳи шоҳона  дар мавсими ҷорӣ дар маҷмӯъ 40 маротиба осеб гирифтаанд, аз ҷумла  Мартин Эдегаард ва Лука Йович, ки ҳоло дар дигар клубҳо бозӣ мекунанд. Андрей Лунин, Ферлан Менди, Касемиро ва Винисиус ягона футболбозони “Реал Мадрид” маҳсуб мешаванд, ки ҷароҳат набардоштаанд. 
Ҳоло ҳашт бозигар бо сабаби ҷароҳатҳои гуногун ба даста кӯмак карда наметавонанд: Серхио Рамос, Эден Азар, Марсело, Карвахал, Федерико Валверде, Алваро Одриосола, Эдер Милитао ва Родриго.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив