
Ҳамлагари “Манчестер Сити” Серхио Агуэро ба чемпионати Испания ё Фаронса меравад. Шартномаи ин футболбози 32 солаи аргентинӣ тобистони ҳамин сол хотима меёбад. Яъне ӯ аллакай метавонад 6 моҳ қабл аз анҷоми қарордодаш бо дигар дастаҳо гуфтушунид гузаронад. Расонаҳо менависанд, ки “Барселона” ва “ПСЖ” ба Агуэро мароқ зоҳир намудаанд. Вале худи Серхио умед дорад, ки Ман Сити бо ӯ шартномаро тамдид мекунад. Дар мавсими ҷорӣ, ин форварди аргентинӣ 9 бор ба майдон баромада, 2 гол ба самар расонидааст. Айни замон бошад, Агуэро дар карантин нишастааст. Зеро ӯ бо сироятгирифтаи коронавирус аз наздик мулоқот намуда буд.