LIVE

Каваниро бинобар нажодпарастӣ муҷозот карданд

 Ҳамлавари "Манчестер Юнайтед" Эдинсон Кавани барои нажодпарастӣ аз ҳаққи иштирок дар се бозӣ маҳрум гардид ва ҳамчунин 100 000 фунт ҷарима шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ   хабар додааст. Ин қарорро Ассотсиатсияи футболи Англия қабул намудааст. Пас аз шикаст додани "Саутгемптон" дар доираи рақобатҳои даври 10-уми Чемпионати Англия Кавани дар посух ба табрикоти яке аз обуначиёни хеш  чунин посух дод: "Ташаккур, сиёҳ". 
     Пас аз чанд соат, футболбози уругвайӣ ин паёмро нест кард, аммо Ассотсиатсияи футболи Англия  бо вуҷуди ин  Эдинсонро муҷозот намуд.  Ҳамин тариқ, Кавани бо "Астон Вилла"  дар Премйер Лига, инчунин  бо "Манчестер Сити" ва дар Ҷоми Лигаи Англия бо "Уотфорд" ба майдон нахоҳад омад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив