LIVE

Сиёвуш Асроров дастаашро иваз кард

Дифоъгари 28 солаи тими миллии Тоҷикистон - Сиёвуш Асроров фаъолияти варзишии хешро дар бошгоҳи «Шейх Руссел»-и Чемпионати Бангладеш идома медиҳад, хабар додааст сомонаи расмии ФФТ. Бошгоҳи охирини Асроров дастаи “Локомотив-Помир” -и пойтахт буд, ки дар он ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон нӯҳ бозии худро дар даври дуюми чемпионати Тоҷикистон-2020 баргузор кард. Қаблан Асроров дар бошгоҳҳои "Вахш", "Хуҷанд", "Истиқлол", "ПКНП" (Малайзия) ва «Рахматганж» (Бангладеш) бозӣ намудааст. Сиёвуш Асроров аз соли 2014 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ 39 вохӯриро бо пероҳани тими миллӣ доир намудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив