LIVE

Мухлисони «Барса» Мессиро беҳтарин бозигари мавсим намешуморанд

Яке аз маъруфтарин созмони варзишии испанӣ Marca дар саҳифаи расмии худ  овоздиҳоро нисбати интихоби беҳтарин бозигари «Барселона» дар мавсими ҷорӣ анҷом медиҳад. Ҳарчанд маросими овоздиҳӣ анҷом наёфтааст, аммо натиҷаи марҳилаи аввали он бисёриҳоро ҳайрон кард, зеро бештари овозҳоро дарвозабони 28 солаи олмонӣ Марк-Андре тер Штеген гирифтааст, на Лионел Месси. Дар мақоми сеюм ғайри интизор  дастпарвари 20 солаи клуб Рикард Пуч қарор гирифтааст.
Бозингарони номуваффақи мавсим Самюэл Юмтити, Усмон Дембеле ва Жуниор Фирпо интихоб шудаанд. 
10 бозигари беҳтарини «Барселона» аз нигоҳи истифодабарандагони Marca чунин аст:
1.Марк-Андре тер Штеген.
2. Лионел Месси.
3. Рикард Пуч.
4. Ансу Фати.
5. Клеман Лангле.
6. Френки де Йонг.
7. Нелсон Семеду.
8. Артуро Видал.
9. Серхи Роберто.
10. Серхио Араухо.
Сарчашма: https://www.marca.com/en/football/barcelona/2020/07/17/5f11aa5022601df52b8b45be.html

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив