LIVE

«МЮ» ба Санчес шонси дубора медиҳад

Футболбози чилигии дастаи «Манчестер Юнайтед» Алексис Санчес, ки ба тариқи иҷора дар дастаи итолёвии «Интер» - и Милан баромад менамояд, шояд баъди анҷоми мавсими имсола ба «Олд Траффорд» баргардад. Дар ин бора, хабаргузории ESPN” хабар додааст. Бозингари чилигӣ дар ин мавсим дар ҳайати «Интер» иҷора дод шуд, аммо бошгоҳи миланӣ ҳуқуқи харидории Санчесро надорад, зеро дар қарордоди басташудаи “МЮ” бо “Интер” оиди ин мавзуъ чизе дарҷ нагардидааст. Тибқи хабари сомонаи “ESPN” роҳбарияти бошгоҳи “девҳои сурх” ба Алексис Санчес шонси дубора доданианд ва мехоҳанд ӯро дар ҳайати даста дубора дар мавсими оянда дохил намоянд. Тобистони гузашта, “Манчестер Юнайтед” хост Санчесро фурӯшад, аммо бинобар сабаби мушкилоти маошаш ин кор иҷро нашуд. Дар мавсими кунунӣ, Алексис Санчес дар 5 бозии чемпионати Италия дар пероҳани “Интер” ба майдон баромадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив