LIVE

Месси ва Роналду узви дастаи УЕФА

УЕФА бо такия ба овоздиҳии мухлисон дастаи рамзии соли 2019-ро эълон кард.  Шуруъ аз 26-уми ноябр мухлисони футбол аз тамоми кишварҳои ҷаҳон барои ташкили дастаи сол тавассути сомонаи расмии  УЕФА овоз доданд.  Барои тими рамзӣ 50 футболбозе, ки дар Аврупо майдондорӣ мекунанд,  шомил буд. Истифодабарандагони сомонаро зарурати интихоби дастаи футбол иборат аз 11 тан  бозигар аз миёни 5 дарвозабон, 15 муҳофизатгар, 15 ниммуҳофизатгар ва 15 ҳамлагар  пеш омода буд 
Бо ин тартиб дастаи рамзии УЕФА соли 2019 таъсис ёфт. 
дарвозабон
Алисон Бекер «Ливерпул»
муҳофизатгарон 
Трент Александер-Арнолд «Ливерпул», Маттейс де Лигт «Аякс»/«Ювентус», Вирджил ван Дейк «Ливерпул», Эндрю Робертсон «Ливерпул»
ниммуҳофизатгарон 
Френки де Йонг «Аякс»/«Барселона», Кевин Де Брёйне «Манчестер Сити»
ҳамлагарон 
Лионел Месси «Барселона», Криштиану Роналду «Ювентус», Роберт Левандовски «Бавария», Садио Мане «Ливерпул».

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив