LIVE

Пайкараи Ибрҳоимовичро валангор карданд

Нафарони номаълум маротибаи сеюм аст, ки дар Шветсия кӯшиши хароб намудани пайкараи Златан Ибрҳоимовичро мекунанд.  Моҳи октябр дар назди варзишгоҳи дастаи «Малме», ки ӯ аввалин мактаби футболиро аз ин даргоҳ омухтааст, пайкараи  Златан бунёд карда шуд. Баъди чанде Ибраҳимович саҳмияҳои клуби дигари шведӣ «Хаммарбю»-ро харидорӣ намуданд, ки ин иқдом ба мухлисони дастаи маҳалӣ ва  сокинони шаҳри Малмё писанд наомад. Дар ҷавоб мухлисон дар аввал пайкараро оташ заданд ва бори дуюм кӯшиши буридани пойҳои ҳайкалро карданд. Ба нафратхонони ҳамлагари маъруф билохира муясар шуд, ки маротибаи сеюм ба мақсади худ ноил шаванд.  Тавассути таҷҳизотҳои махсус мақбараро бурида, аз пой чапа кардаанд. Ҳарчанд ҳукумати Шветсия атрофи ҳайкалро панҷара гирифт, аммо ин ҳам барои наҷоти Ибрҳоимович кӯмак карда натавонист.    

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив