LIVE

Никлас Фюллкруг бо эҳтимолияти зиёд ба «Вердер» бармегардад — Бергер

Ҳамлавари бошгоҳи «Вест Хэм Юнайтед» Никлас Фюллкруг ба бозгашт ба дастаи футболи «Вердер» наздик аст. Дар ин бора журналист Патрик Бергер дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.
Тибқи иттилоъи сарчашма футболбоз фурсатҳои наздик дар Олмон аз муоинаи тиббӣ мегузарад. Сухан сари иҷора меравад. Қайд карда мешавад, ки баҳри ин гузариш Фюллкруг ба камкунии маош розӣ шудааст.
Никлас Фюллкруг дастпарвари бошгоҳи «Вердер» буда, дар сатҳи тими аввалияи ин тим ӯ баромад кардааст. Ҳамзамон бозигари олмонӣ дар ҳайати тимҳои «Гройтер Фюрт», «Нюрнберг», «Ганновер-96», «Боруссия»-и Дортмунд ва «Милан» бозӣ намудааст. Аз моҳи январи соли 2026 бошад ҳамлавар тариқи иҷора дар сафи «россонери» бозӣ намуда, як гол дар 20 бозӣ ба самар расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив