Нимҳимоятгари 40-солаи тими миллии Хорватия Лука Модрич аллакай дар 21 бозии тими миллияш дар Ҷоми Ҷаҳонӣ ширкат кардааст. Ин нишондод ҳам сар аз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо Ҷопон дар соли 2006 ба қайд гирифта шудааст.
Ҷоми Ҷаҳон -2026. Гурӯҳи L. Даври 2-юм
Чоршанбе, 24 июни соли 2026. Соати 04:00 ДШБ
Панама 0:1 Хорватия
0:1 Будимир – 54'
Модричи 40-сола бозии гурӯҳи L-ро дар Ҷоми Ҷаҳон – 2026 зидди Панама, ки бо пирӯзии 1-0 барои Хорватия анҷом ёфт, дар ҳайати асосӣ оғоз кард. Нимҳимоятгари мунтахаби Хорватия инчунин 200-умин бозии худро дар сафи дастаи миллӣ анҷом дод.
Ҷоми ҷаҳон - 2026 аз 11 июн то 19 июл дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Аргентина қаҳрамони феълии ҷаҳон аст. Дар финали мусобиқаи соли 2022, ки дар Қатар баргузор шуд, ки тими миллии Фаронсаро бо ҳисоби 3-3, (4-2 аз рӯи пеналтӣ) шикаст дода буд.
