Дар варзишгоҳи “Коммонвелс”-и шаҳри Эдмонтони Канада бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Канада ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Вохӯрӣ бо пирӯзии соҳибони майдон бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.
Дар нимаи аввали бозӣ ҳарду даста кӯшиш карданд, ки ба дарвозаи ҳамдигар роҳ ёбанд, аммо ҳисоб кушода нашуд. Танҳо дар қисми дуюми рақобат футболбозони Канада тавонистанд бартарии худро нишон диҳанд.
Голи аввалро Хонатан Осорио ба самар расонид. Баъдан Майкл Нелсон голи дуюми канадагиҳоро зада, натиҷаи ниҳоии бозиро 2:0 ба фоидаи тими мизбон муқаррар кард.
Аз ҳайати мунтахаби Ӯзбекистон ду ситораи асосии даста — Абдуқодир Ҳусанов ва Элдор Шомуродов тамоми 90 дақиқаро дар майдон сипарӣ карданд, аммо натавонистанд дастаашонро аз шикаст наҷот диҳанд.
Ин бозӣ яке аз марҳилаҳои омодагии ҳарду мунтахаб ба Чемпионати ҷаҳон-2026 ба ҳисоб меравад. Мунтахаби Ӯзбекистон дар бозии навбатии худ рӯзи 8 июн бо тими миллии Нидерланд рақобати дӯстона анҷом медиҳад.
Мунтахаби Канада бошад, бо дастаи Ирландия қувваозмоӣ хоҳад кард.
Қобили зикр аст, ки ҳам Ӯзбекистон ва ҳам Канада дар қисми ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 ширкат хоҳанд кард. Мусобиқа аз 11 июн дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада ва Мексика оғоз мешавад ва барои ҳарду даста бозиҳои дӯстонаи кунунӣ имкони хубе барои санҷиши омодагӣ пеш аз оғози мундиал маҳсуб мешаванд.
