Бошгоҳи футболи “Волфсбург” бори аввал дар таърихи худ аз Бундеслига ба дивизиони поёнӣ рафт. Ин пас аз бозии ҷавобии даври плей-офф зидди “Падерборн 07” (1-2) рух дод. Дастаҳо дар бозии аввал гол назаданд.
Олмон — Плей-офф. Финал. Бозии дуюм
25 майи соли 2026, душанбе. 23:30 ДШБ
“Падерборн 07” (Падерборн) 2 : 1 (вақти иловагӣ) “Волфсбург” (Волфсбург)
0:1 Пейчинович – 3' 1:1 Билбия – 38' 2:1 Курда – 100'
Корти сурх: Меҳле – 14'
Ғайр аз ин, “сабзу сафедҳо” бори аввал аз соли 1997 дар Бундеслигаи 2-юм бозӣ хоҳанд кард. Он вақт "гургҳо" дар ҷадвал пас аз “Кайзерслаутерн” дар ҷои дуюм қарор ва ба дивизиони олии чемпионати Олмон роҳ ёфтанд.
Дар тӯли таърихи худ “Волфсбург” як маротиба қаҳрамони Бундеслига, инчунин барандаи Ҷоми Олмон ва Суперҷоми Олмон шудааст. Дастоварди баландтарини даста дар мусобиқаҳои аврупоӣ то имрӯз ба даври чорякфинали Лигаи Чемпионҳо роҳ ёфтани ин тим дар мавсими 2015/2016 мебошад.
