Бозии аввали даври чорякфиналии Лигаи Аврупои УЕФА байни дастаҳои “Брага” (Португалия) ва “Бетис” (Испания) бо ҳисоби мусовии 1-1 дар варзишгоҳи "Эстадио Мунисипал де Брага"-и шаҳри Брага ба анҷом расид.
Лигаи Аврупо. Чоракфинал. Бозии аввал
8 апрели соли 2026, чоршанбе. 21:45 ДШБ
“Брага” (Брага, Португалия) 1:1 “Бетис” (Севиля, Испания)
1:0 Гриллич – 5' 1:1 Эрнандес – 61'
Флориан Гриллич дар дақиқаи панҷум ба кушодани ҳисоб даст ёфт ва тими португалиро ба пеш баровард. Кучо Эрнандес бошад дар дақиқаи 61-ум аз зарбаи пеналти ҳисобро баробар кард.
Бозии ҷавобӣ байни ин дастаҳо рӯзи 16-уми апрел дар варзишгоҳи "Олимпико де Севиля - Ла Картуха"-и шаҳри Севиля баргузор мешавад. Рақобати финалӣ санаи 20-уми май дар варзишгоҳи "Бешиктош"-и Истанбул доир мегардад.
