Тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович омодагиро ба бозии муҳими марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё‑2027 оғоз мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати мунтахаби кишвар барои омодагӣ ба бозӣ муқобили тими миллии Филиппин ҷамъомади тамринӣ баргузор менамояд. Машқҳои даста 23 март дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, футболбозон дар ин давра ба бозии навбатии марҳилаи интихобӣ омодагии ҷиддӣ мебинанд.
Гуфта мешавад, ки рӯйхати бозигароне, ки ба ҷамъомади тамринӣ даъват мешаванд, рӯзҳои наздик аз ҷониби ситоди мураббиён эълон мегардад. Интизор меравад, ки беҳтарин футболбозони чемпионати дохилӣ ва инчунин легионерҳои тоҷик ба ҳайати даста шомил гарданд.
Бозии навбатии мунтахаби Тоҷикистон дар доираи даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 баргузор мешавад. Дар ин дидор дастаи мо бо мунтахаби Филиппин рақобат мекунад. Вохӯрии мазкур 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор гардида, оғози он соати 19:00 дар назар аст.
Мухлисон умед доранд, ки тими миллии Тоҷикистон бо дастгирии тамошобинон дар майдони худ натиҷаи хуб ба даст оварда, дар идомаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 қадами муҳим мегузорад.
