LIVE

 Қуръакашии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи якум доир шуд

Имрӯз, 11 март дар студияи телевизиони “Душанбе” маросими қуръакашии тақвими бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи якум доир гардид.

Дар маросими қуръакашӣ ноибони президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, намояндагони дастаҳои Лигаи якуми кишвар ва дигар меҳмонон иштирок карданд.

Дар мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, шонздаҳ даста иштирок мекунад - “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ), “Ҳулбук”, “Рахш” (ҳарду аз Восеъ), “Душанбе”, “Шоҳмансур” (ҳарду аз Душанбе), “Шодмон” (Ҳисор), “Рангон” (Рӯдакӣ), “Исфара” (Исфара), “Саразм” (Панҷакент), “Мастчоҳ” (Мастчоҳ), “Саройкамар” (Панҷ), “Сарҳадчӣ” (Ҳамадонӣ), “Моҳир” (Ёвон), “Сомон” (Данғара), “Норак” (Норак) ва “Ҷиликӯл” (Дӯстӣ).

Қуръакашии Лигаи якумро собиқ бозигарони маъруфи дастаи миллии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев ва Нуриддин Давронов гузарониданд. Тибқи анъана, дар маросим онҳо барои муайян кардани рақамҳои тартибии дастаҳо қуръаҳоро аз сабад бароварданд. 
Ғолиби Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 ба мусобиқаи Лигаи олӣ дар соли 2027 роҳхат мегирад. Барандаи медали нуқраи Лигаи якум бо дастае, ки дар Лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи ёздаҳумро ишғол кардааст, бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “Парвоз”-и Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд буда, ин мавсим дар Лигаи олӣ баромад дорад.

Натиҷаи қуръакашии даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи якум
“Рахш” - “Исфара”
“Сарой-камар” – “Сарҳадчӣ”
“Шоҳмансур” –“Мастчоҳ”
Ҷиликӯл” –“Душанбе”
“Сомон” – “Ҳулбук”
“Саразм” –“Шодмон”
“Норак” – “Рангон”
“Моҳир” –“Панҷшер”

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив