Меҳдӣ Бенатия - бозигари собиқи бошгоҳҳои “Бавария” ва “Ювентус” аз вазифаи директори варзишии бошгоҳи “Марсел” истеъфо дод. Ӯ оиди ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълон кард.
Қаблан Роберто Де Зерби, ки сармураббии ин тими фаронсавӣ буд, низ дастаро тарк кард. Бенатия дар аввали ҳафта истеъфои худро пешниҳод кард, аммо пас аз рад шудани ин қарораш аз ҷониби роҳбарияти бошгоҳ дар вазифа боқӣ монд. Пас аз мусовӣ бо “Страсбур” бо ҳисоби 2-2 ва эътирозҳои мухлисони “провансалиҳо” муттахасиси марокашӣ истеъфо дод ва изҳор дошт, ки истеъфои ӯ "пешниҳод нашудааст", балки "пешбинӣ шудааст".
Бошгоҳи “Марсел” айни замон дар зинаи чорумии ҷадвали Лигаи 1-ум қарор дорад.
