Бозии ҷавобии финали Ҷоми Бразилия байни “Васко да Гама” ва “Коринтианс” субҳи 22-юм декабр дар варзишгоҳи афсонавии Маракана (Рио-де-Жанейро, Бразилия) ҳисоби 2-1 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт. Бошгоҳи “Коринтианс” чорумин маротиба барандаи Ҷоми Бразилия шуд.
Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 18-ум Юри Алберто кушод. Ҳамлагари дастаи мизбон Нуну Морейра дар дақиқаи 43-юм ҳисобро баробар кард. Ҳамлагари “Коринтианс” Мемфис Депай дар нимаи дуюм паси Алберто голи пирӯзиоварро дар ин рақобат ба самар расонид. Нимҳимоягари маъруфи бошгоҳи “Васко да Гама” Филиппе Коутинйо бошад дар ин финал натавонист гол занад.
