LIVE

Дар Душанбе ҷаласаи намояндагони Федератсияҳои минтақавӣ баргузор шуд

Дар дафтари Федератсияи Футболи Тоҷикистон мулоқоти корӣ бо намояндагони федератсияҳои футболи минтақавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ноиби президенти ФФТ Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев иштирок доштанд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрам вобаста ба рушди футбол дар минтақаҳо – Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун, инчунин Душанбе баррасӣ шуданд.
Ноиби президенти ФФТ Сайвалӣ Дониёрзода зарурати тақвияти кор дар сатҳи маҳалро таъкид карда, ба як қатор самтҳои асосӣ аҳамияти хоса зоҳир намуданд, аз ҷумла:
▪️ Тавзеҳи Низомномаи литсензиякунонии клубҳо барои соли 2026 ва таъсиси комиссияи литсензиякунони дар федератсияҳои минтақавӣ;
▪️ Тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ аз ҷониби дастаҳо, инчунин дархостҳо, шартномаҳои бозигарон ва рӯйхати пурраи дастаҳо;
▪️ Беҳтар кардани сифати мусобиқа дар лигаи дуюм;
▪️ Таҳия ва пешниҳоди низомномаҳо ва кодексҳои интизомӣ;
▪ Бартараф кардани камбудиҳои инфрасохтор;
▪️ Риояи манъи бозигарон ва мутахассисони хориҷӣ барои ширкат дар лигаи дуюм;
▪️ Ташкили сафари гурӯҳи кории телевизионӣ ба минтақаҳо сар аз моҳи декабри соли ҷорӣ;
▪️ Баргузории вохӯриҳои корӣ бо раисони федератсияҳои минтақавӣ барои муҳокимаи масъалаҳои футбол дар маҳал;
▪️ Таҳия ва тасдиқи стратегияи футболи минтақавӣ барои солҳои 2026-2030;
▪️ Таҳия ва тасдиқи нақшаҳо ва буҷаҳои фаъолияти федератсияҳои минтақавӣ барои соли 2026;
Дар ҷаласа инчунин ба зарурати рушди футболи оммавӣ диққат дода шуд. ФФТ ҳадафи тақвияти мусобиқаҳо байни кӯдакон, наврасон, ҷавонон, занон, собиқадорон ва кормандони мақомоти давлатӣ дар минтақаҳоро муқаррар кард. Таваҷҷӯҳи алоҳида дарёфти кадрҳои нав ва афзоиши шумораи доварони соҳибихтисос буд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолияти муштаракро бо сохторҳои минтақавӣ барои тақвияти низоми идоракунии футбол ва рушди ҳамаҷонибаи он дар саросари кишвар идома медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив