LIVE

Қуръакашии қисми ниҳоии Лигаи дуюми Тоҷикистон-2025 баргузор шуд

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии қисми ниҳоии чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи дуюм баргузор шуд. Мусобиқа аз 26 ноябр то 3 декабр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибон ва ҷоизадорони лигаи дуюм аз минтақаҳои Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳри Роғун дар қисми ниҳоӣ иштирок мекунанд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим шуд.
Ба гурӯҳи «А» «Меҳргон» (Нуробод), «Шоҳмансур» (Душанбе), «Локомотив» (Душанбе) ва «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ) дохил гардиданд.
Ба гурӯҳи «Б» «Гулистон» (Гулистон), «Помир» (Хоруғ), «Спитамен» (Спитамен) ва «Рахш» (Восеъ) шомил шуданд.
Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо дар як давра бозӣ мекунанд. Сипас ду дастаӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд, ки онҷо ҷуфтҳои ниманиҳоиро ташкил медиҳанд.
Ҳамаи бозиҳои қисми ниҳоии лигаи дуюми Тоҷикистон дар майдонҳои асосӣ ва захиравии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Мувофиқи низомнома ғолиб ва ҷоизадорони марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон миёни тимҳои Лигаи дуюм ҳаққи ширкат дар Лигаи якумро дар соли оянда пайдо мекунанд.
Бояд қайд кард, ки ғолиб ва ҷоизадорони марҳилаи ниҳоии чемпионати Тоҷикистон-2025 миёни ластаҳои лигаи дуюм ба раванди иҷозатномадиҳӣ барои бошгоҳҳои лигаи якум фаро гирифта мешаванд ва пас аз анҷоми тартиби иҷозатномадиҳӣ барои мавсими соли 2026, ба рӯйхати дастаҳои лигаи якуми Тоҷикистон шомил мегарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив