LIVE

 Иван Юрич аз мақоми сармураббии “Аталанта” барканор карда шуд

Бошгоҳи футболи “Аталанта” аз барканории Иван Юрич аз вазифаи сармураббии даста хабар дод. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи шаҳри Бергамо хабар додааст.

Ҳамчунин ҳайати мураббиён, аз ҷумла Маттео Паро, Мигел Велозу, Паоло Барберо, Степан Остоич ва Микеле Ореккйо, низ даставӣ тарки тим карданд.

Қобили зикр аст, ки Юрич тобистони соли 2025, баъд аз он ки Ҷан Пйеро Гасперини ҳамчун сармураббӣ ба “Рома” гузашт, сармураббии “Аталанта” таъин шуда буд.

Дар ҳашт бозии охири Серияи А-и Италия даста ҳамагӣ 6 имтиёз ба даст овард. “Аталанта” аз “Удинезе” бо ҳисоби 0 бар 1 ва аз “Сассуоло” бо ҳисоби 0 бар 3 шикаст хӯрд, инчунин шаш бор мусовиро бо мусовӣ ҷамъбаст намуд.

Ёдовар мешавем, ки баъди 11 даври Серияи А-и Италия, тими “Аталанта” бо 13 имтиёз дар ҷойи 13-уми ҷадвали мусобиқа қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив