Ҳамлагари лаҳистонӣ Роберт Левандовски ният надорад, ки тарки “Барселона” кунад ва мехоҳад то поёни қарордодаш дар даста бимонад. Дар ин бора нашрияи Sport.es хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, футболбоз ва аҳли хонаводааш пурра ба зиндагӣ дар Барселона мутобиқ шудаанд ва худро хеле роҳат эҳсос мекунанд. Имконияти кӯчидан ба ягон кишвари дигар ва пайвастан ба ҳайати бошгоҳи дигар, масалан ба Про-Лигаи Арабистони Саудӣ, бо вуҷуди пешниҳодҳои молиявии калон, ӯро ҷалб намекунанд.
Қарордоди Левандовски то тобистони соли 2026 амал мекунад. Форварди лаҳистонӣ бовар дорад, ки метавонад ҳадди ақал як мавсими дигарро дар клуб сипарӣ кунад ва омода аст, агар лозим шавад, нақши бозигари захираро низ бипазирад.
Агар роҳбарияти “Барселона” қарор кунад, ки шартномаро тамдид накунад, Левандовски метавонад имкони анҷоми корномаашро баррасӣ намояд. Афзалияти асосии ӯ — дар “Барселона” мондан ва то ҳадди имкон маҳз дар ҳамин даста ба фаъолият идома додан аст.
Қаблан Sport.es хабар дода буд, ки намояндагони “Милан” бо агенти футболбоз Пини Захави мулоқот кардаанд, то эҳтимоли гузариши бозигари 37-соларо баррасӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ Левандовски 11 бозӣ барои “Барселона” анҷом дода, 4 гол задааст.
