Барандаи Ҷоми Тоҷикистон, дастаи “Регар-ТадАЗ” бозии охирини худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2025/26 дар гурӯҳи “С” доир кард.
Дастаи шаҳри Турсунзода бо бошгоҳи “Сафо”-и Лубнон андари майдони рақобат шуд. Бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор гардида, бо ҳисоби 1 бар 2 ба суди "Сафо" ба анҷом расид. Муртазо Мансуриён аз Эрон ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият намуд.
Ягона голи дастаи "Регар-ТадАЗ" -ро Озодбек Панҷиев ба самар расонид. Голҳои "Сафо"-ро Ҳабиб Швейх ва Тидиане Камара марбути номи хеш карданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар даври якум тими “Регар-ТадАЗ” бо “Мурас Юнайтед” натиҷаи мусовии беголро ба қайд гирифта буд. Дар даври дуюм тими шаҳри Турсунзода аз тими “Ал-Арабӣ”-и Кувайт бо ҳисоби 2 бар 1 мағлуб шуд. Голи “Регар-ТадАЗ”-ро Шервонӣ Мабатшоев ба самар расонид.
Ҳоло дар гурӯҳи “С” пас аз 2 бозигӣ тими “Мурас Юнайтед” бо 4 имтиёз дар зинаи аввал ва “Ал-Арабӣ” бо 4 имтиёз ва таносуби тӯбҳо дар зинаи дуюм аст. "Сафо" бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ва “Регар-ТадАЗ” бо 1 имтиёз дар зинаи охир аст.
Ҳамин тавр, “Регар-ТадАЗ” имкони аз гурӯҳ баромаданро аз даст дод. Танҳо як даста аз гурӯҳ ба даври плей-офф роҳ меёбад.
