LIVE

Баргузории нишасти матбуотии марҳилаи интихобии ҶО-2026 оиди футзал

19-уми сентябр дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ пеш аз оғози марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё- 2026 оид ба футзал дар гурӯҳи «С» баргузор мешавад. Нишаст соати 11:00 оғоз мегардад.
Сармураббии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ҷопон, Камбоҷа ва Макао ба суолҳои хабарнигорон посух медиҳанд.
Қабл аз баргузории нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон барои инъикоси мусобиқаи интихобӣ, ки аз 20 то 24 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, бейҷҳои аккредитатсионӣ дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври интихобӣ бо тимҳои миллии Макао (20 сентябр), Камбоҷа (22 сентябр) ва Ҷопон (24 сентябр) рақобат мекунад. Ҳама бозиҳо бо иштироки дастаи мо соати 20:00 оғоз мешаванд. Нархи чиптаи ду бозии як рӯз 30 сомониро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив