Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи «К» доир намуд.
Дастаи мо дар оғози даври интихобӣ бар тими олимпии Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Голҳои мунтахаби Тоҷикистонро Муҳаммадалӣ Азизбоев (дубл), Раҳматшо Раҳматзода ва Далер Шарифов заданд.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо дастаи Филиппин, ки имрӯз аз тими Сурия (1:2) шикаст хӯрд, вомехӯрад. Ин дидор рӯзи 6 сентябр баргузор мешавад.
