Дастаи “Регар-ТадАЗ” бо мақсади пурқувват кардани ҳайати даста қабл аз оғози рақобатҳо дар Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё ҳайати худро бо ҳамлагари бомаҳорати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев қавӣ намуд.
Охирин дастаи Шервонӣ Мабатшоев бошгоҳи “Капаз”-и Озарбойҷон буд. Дар ҳайати ин даста ӯ дар 15 бозӣ иштирок карда, ба задани 2 гол даст ёфта буд.
Шервонӣ Мабатшоев аз соли 2018 узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон буда, дар беш аз 30 бозӣ ба майдон баромада 7 гол задааст.
Ҳоло Шервонӣ Мабатшоев 24 сола буда, қадаш – 1,83 м аст. Ӯ метавонад дар ҳамаи мавқеъҳои хати ҳамла бозӣ кунад.
